ФҚХ «ИМКОНИЯТ»

Фонди қарзии хурди «Имконият» таърихи 28-солаи фаъолият дошта, соли 1995 дар доираи лоиҳаҳои Ташкилоти байналхалқии “ Наҷоти Кӯдакони” ИМА барномаи қарздиҳии хурдро барои аҳолии камбизоат ва осебпазири Тоҷикистон оғоз намуда, яке аз аваллинҳо дар соҳаи дастрасии мардум ба хизматрасонии молиявӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин сарпарасти Фонд, Бунёди СОРОС буд. Аз 1999 то 2005-ум бо номи Ташкилоти ғайридавлатии Ситораи Начот фаъолияти худро идома дода, моҳи апрели соли 2005 бо гирифтани Иҷозатномаи БМТ ба Фонди Қарзии Хурди «Имконият» тавлид меёбад. Фонд аз рӯзҳои аввали фаъолияташ узви Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон гардид. Афзалиятҳои асосии Фонд фарогирии аҳолии камбизот ба хизматрасонии молиявӣ хусусан занҳо мебошад. Айни замон дар ФКХ «Имконият» 34 нафар кор мекунанд, ки 15 нафари онҳо аз он ҷумла Директори Иҷроия,Директори Филиал ва менеҷерон занҳо мебошанд. ФҚХ дорои 1 филиал ва 4 МХМХ мебошад.