Ҷойҳои кори холӣ дар ФҚХ «Имконият»

ФҚХ «Имконият» дар сафҳои худ кормандони ташаббускор, баору шарафёр ва ба кори пешанамуда содиқро хуб мепазирад. Агар шумо ба донишандузӣ омода бошед, барои амалӣ намудани ақидаҳои боҷуратона саъй кунед, барои рушд ва пешравии минбаъда дар якҷоягӣ бо як гурўҳи шахсони қавиирода, муваффақ ва некандеш омода бошед, пас ба мо ҳамроҳ шавед!

Ҷойҳои кори холӣ

ФҚХ «Имконият» барои ишғоли вазифаи ХАЗИНАДОР дар ш.Бохтар ОЗМУН ЭЪЛОН менамояд.

ТАЛАБОТҲО:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ ё маълумоти миёнаи махсус;
  • Таҷрибаи корӣ дар вазифаи хазинадор на кам аз 1 сол;
  • Малакаи хуби кор дар компютер бо барномаҳои Word, Excel;
  • Сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва муомилаи хуб бо мизоҷон;
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ афзалият дорад;
  • Иштироки занҳои соҳибтахассус дар озмун афзалият дорад.

Қабули дархостҳо : (СV, резюме)

Суроға: ш. Бохтар, кӯчаи Б.Гафуров 10, ФҚХ «Имконият» (назди Коммисарияти Ҳарбӣ) .

E-mail: imkoniyat@mail.ru;

Телефон: (83222) 2-23-90.

Санаи қабули дархостҳо то 01.10.2024с.

ФКХ  «Имконият» аз ҷиҳати молиявӣ устувор ва  худмаблағгузор буда дорои чунин ҷиҳатҳои қавӣ мебошад:

  • таҷрибаи калон ва бисёрсола  дар соҳаи маблағгузории хурд
  • Дорои таърихи хуби қарзӣ
  • дорои мизочони доимӣ ва  алоқаи зич бо макомоти маҳаллӣ
  • Дорои сиёсат ва низомномаҳои дохилӣ,ки  дар асоси қонунгузории ҶТ “дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва низомномаҳои БМТ сохта шудаанд
  • кадрхои кордону ихтисоснок
  • бахисобгирии молиявӣ,  ва системаи бахисобгирии мухосибӣ.