Таърихи муваффақият

Таърихи муваффақияти муштариёни ФҚХ “Имконият”

«Имконият» маро ба оянда боварй бахшид!

Номи ман Гулчахони Зикриё. Саргузашти ман шояд ба садҳо қиссаҳои дигари занҳои тоҷик монанд бошад, аммо ба ҳар ҳол мехоҳам онро нақл кунам. Шояд яке аз занони чумхурии мо хам баъди мутолиаи он карор кунад, ки вакти ҷараёни зиндагиро дигар кардан ва  шуруъ намудан ба дигаргуниҳо расидааст.

Ман дар нохияи Кушониён таваллуд шуда ба воя расидаам. Дар ин чо оиладор шуда, се фарзанд таваллуд кардам. Зиндагии дехоти мо аз ҳаёти пуршӯри шахр фарк мекунад. Барвакт мехезем, корхои хонаро мекунем, бачагонро ба мактаб гусел менамоем…

 Чанд сол пеш шавҳарам тасмим гирифт, ки ба Руссия барои кор биравад ва ман барои пеш бурдани зиндагӣ ба зироаткорӣ машғул будам.  Фонди «Имконият»-ро кайхо боз мешиносам. Ман аввалин қарзамро барои дастгирии тиҷорати худ дар ин ҷо гирифтам. Вакте ки ману шавхарам баФонди «Имконият» омадем, кормандон тамоми шартҳои қарздиҳиро муфассал ба мо фахмонданд.

Ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ намуда, аз Фонд ба маблағи 5000 сомонӣ қарз гирифтем. Хамин тавр, мо тухмии зарурии сабзавот ва нурихои маъданй харидем. Ҳоло шавхарам тамоми рузро дар гармхона гузаронида, ба парвариш ва нигоҳубини  помидору бодирингр машғул аст. Фикри ба Руссия рафтан дигар ба сараш намеояд, ки ману фарзандонам аз ин хеле шодем. Оилаи мо аллакай хосили аввалини соли нав гирифт. Соли 2020 барои оилаам хуб оғоз шуд, ҳоло мо ба оянда бовар дорем. Хамаи ин ба шарофати Фонди «Имконият» имконпазир гардид, ки дар ин ҷода моро дастгирӣ  намуд.

«Ташаккур барои эътимод»

Бойхонова Гулмо — зиёда аз 25 сол фаъолияти ман ба тичорати фуруши меваи хушк дар бозори шахри Кулоб алокаманд буда, каблан ба савдои мева машгул будам. Сипас, барои пешбурди фаъолиятам аз чакка қурут тайёр карда, дубора ба фурӯш гузоштам. Маҳсулотамро аз афроди муайян мехарам, ки аз Ховалингу Муъминобод чаккаи хубу хушсифат меоранд. Бояд гуфт, ки ин давраи 10-ум аст, ки ман бо ИМКОНИЯТ ҳамкорӣ дорам ва дар ин муддат аз ҳисоби фоидаи гирифтаам  барои писарам манзил харида, инчунин маросими туи хонадориашро гузаронидам. Ман аз ИМКОНИЯТ миннатдорам, ки барои рушди тиҷорат ва тағир додани ҳаёти худ ва фарзандонам мусоидат намудааст.

Харидани чорвои иловагй

ХУДОЯРОВ ХУРШЕД, аз  н.Хуросон

Мо тамоми рузро хамрохи у гузаронда, кори харрузаашро тамошо мекардем. Ӯ мисли ҳазорҳо муштарии ИМКОНИЯТ як инсони оддӣ аст, аммо бо хоксорӣ, ошкорбаёнӣ ва меҳнати беандозааш таваҷҷӯҳи моро ба худ ҷалб кард. Соҳаи фаъолияти Хуршед васеъ аст: чорводорӣ (гӯсфанд, гов), истеҳсол/фурӯши маҳсулоти ширӣ, парвариши зироатҳои ғалладона.

Хуршед чанде пеш чорвои калон харид. Маҳз барои хариди онҳо ӯ аз Фонди “Имконият” қарз гирифт.

Хуршед мегўяд — Соли 2018 бо маслиҳати шиносҳо ва дўстон тасмим гирифтам, ки ба Фонди Имконият муроҷиат кунам. Вакте ки бори аввал ба ин ташкилот омадам, кормандони мехрубонона диккати маро ба барномаи карзи кишоварзй чалб карданд. Гуфтан ҷоиз аст ки пардохти карз бароям комилан кобили қабул ва фоиданок буд.

Сатҳи баланди хизматрасонӣ дар ин Фонд ва зуд баррасӣ шудани аризаам маро ба ҳайрат овард. Корманде, ки ба ман хидмат мекард, ба сари замин рафта,  киштзорҳо ва техникаро аз назар гузаронд ва дар тартиб додани бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин барои пур кардани дархости қарз ба ман кӯмак кард.

Бо хисси баланди миннатдорй ба Фонди «Имконият» барои дастгирии саривактии молиявй, ки ба кори ман таъсири мусбат расонд, миннатдорй баён мекунам.

Барои зиёд кардани муомилоти моли

Саматова Дилшода аз соли 2010 бо Фонди” Имконият”  ҳамкорӣ дошта, аллакай давраи даҳумро адо мекунад. Вай аввалин қарзи худро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ин маблаг барои пур кардани маблаги муомилот пешбинй шуда буд.

Ба шарофати қарзҳо ва ҳамкории муваффақ бо “Имконият” тиҷорати Дилшҳода босуръат рушд кард Ба. вай муяссар шуд, ки номгуи махсулотро зиёд кунад, нуктаи савдои худро васеъ карда ва харидорони нав пайдо намояд. Айни замон Дилшода соҳиби  ҷои тиҷорат гаштааст.  Уохирин карзро ба маблағи 30 хазор сум гирифтааст,ки барои афзоиши гардиш пешбинӣ шуда буданд, зеро Дилшодҳа ва шавҳараш матоъ мефурӯшанд.

«Ба шарофати ҳамкорӣ бо “Имконият” ба ман муяссар гардид, ки тиҷоратамро то ҳолати кунунии он пеш барам. Илова бар ин, дар оилаи ман рӯйдодҳои муҳим рух доданд: тӯйи писару духтарам, таваллуди набераам, донишҷӯ шудани писарам.Писарам инчунин соҳиби нуқтаи хизматрасони барои таъмири мошин гашт. Ва ин ҳама бевосита бо ширкати шумо вобаста  аст — мегӯяд бо шодӣ Саматова Дилшода.

Вай аз «Имконият» миннатдор аст, ки  рушди тиҷорат ва тағйири зиндагиашро ба сӯи беҳтар кардааст.